Қурғонтеппа: Соли равон филиали Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон таъсис меёбад
Душанбе, 15.02.2016 (АМИТ «Ховар»).-Гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Қурғонтеппа таҳти роҳбарии муовини раиси шаҳр ва роҳбари ҲХДТ дар шаҳри Қурғонтеппа бобати фаҳмонидани муҳтавои нуктаҳои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони беморхонаи клиникии вилояти Хатлон ба номи Б. Воҳидов вохӯрӣ баргузор намуд. -Дар Паёми навбатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи иҷтимоиро яке аз соҳаҳои афзалиятнок ҳисобида, барои рушди босуботи он андешидани тадбирҳои заруриро таъкид намуд,- зикр намуданд аъзои гурӯҳи корӣ дар вохӯрӣ.
Бояд зикр намуд, ки дар ин Паём Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нарасидани табибонро дар вилояти Хатлон таъкид намуда, ба таъсиси филиали Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон дар шаҳри Қурғонтеппа супориш дод.
Табибони Беморхонаи клиникии вилояти Хатлон ба номи Б. Воҳидов ин хабарро бо хушнудӣ истиқбол намуда, ин иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро тадбири зарурӣ ва саривақтӣ барои рафъи мушкилоти соҳа арзёбӣ намуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






