“Вахш”-ғолиби минтақаи Хатлон
Душанбе, 27.02.2016 (АМИТ «Ховар»).-Дирӯз дар вохӯрии ниҳоии Ҷоми ФФТ дастаи “Вахш”-и Қурғонтеппа дар варзишгоҳи Данғара бар “Саройкамар” бо натиҷаи 2 бар 0 пирӯз гардида, дар минтақаи Хатлон соҳиби ҷои аввал гардид. Ин ду даста муборизаро барои Ҷом идома дода, ба бозиҳои ниҳоӣ роҳхат гирифтанд.
Дар минтақаи вилояти Суғд дастаҳои “Хуҷанд” ва “Қайроққум”низ ба бозиҳои ниҳоӣ роҳхат гирифта, ба шаҳри Душанбе меоянд.
Ба ҳамин тариқ, дар ҳама минтақаҳо мусобиқаҳо ҷамъбаст шуданд ва дастаҳои “Регар ТадАЗ”, КМВА “Помир”, “Истиқлол”, “Хайр”, “Вахш”, “Саройкамар”, Хуҷанд” ва “Қайроққум” дар ду гурӯҳ дар шаҳри Душанбе барои ноил шудан ба Ҷоми ФФТ-2016 бо ҳам рақобат мекунанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






