Ваколати Ватанзода пеш аз муҳлат қатъ гардид
Душанбе, 03.02.2016.(АМИТ «Ховар»).- Ваколати вакили палатаи поёнии Парлумони кишвар Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ 3 феврал пеш аз муҳлат қатъ гардида, ҳамзамон аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон бароварда шуд. Инчунин Ватанзода аз вазифаи раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон озод карда шуда, аз ҳайати Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бароварда шуд. Бояд тазаккур дод, ки 27 январ бо Фармони Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни тағйироти кадрӣ дар ҳайати Ҳукумати мамлакат Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ-намояндаи комилҳуқуқи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид.
Дар ҷараёни ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми палатаи поёнии Парлумони кишвар Шукурҷон Зуҳуров -раиси Маҷлиси намояндагон Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадуллоро барои саҳми фаъолаш дар рушди парламентаризми тоҷик бо Ифтихорномаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонид.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






