«Ватанро беш аз ҳарвақта дорам дӯсттар!»-иқдоми ҷавонон
Душанбе, 26.02.2016. (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз аз ҷониби ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар ҳамбастагӣ бо шуъбаи маорифи ноҳия иқдоми «Ватанро беш аз ҳарвақта дорам дӯстар!» доир гардид.
Ба чорабинии мазкур зиёда аз 700 аъзои «Созандагони Ватан», хонандагони синфҳои болоии мактабҳо аз минтақаҳои мухталифи ҳудуди ноҳия ҷалб шуданд. Роҳбари намояндагии «Созандагони Ватан» дар ноҳия иброз дошт, ки мақсади чорабинӣ, пеш аз ҳама, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ғурури миллӣ, хештаншиносӣ ва зиёд намудани ихтиёриён ба хизмат дар сафи Артиши миллӣ мебошад.
Дар доираи чорабинӣ иштирокдорон имконият пайдо намуданд, ки бо яроқу аслиҳа, машқҳои низомии афсарону сарбозон ва шароити зисту истироҳати онҳо шинос шаванд.








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






