“Вазъи забони модарӣ дар муассисаҳои томактабии шаҳри Душанбе”
Душанбе, 19.02.2016. (АМИТ «Ховар»).- “Вазъи забони модарӣ дар муассисаҳои томактабии шаҳри Душанбе”- таҳти чунин унвон мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи байналмилалии забони модарӣ дар толори Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Раиси Кумитаи забон ва истилоҳот Гавҳар Шарофзода чорабиниро ифтитоҳ намуда, доир ба “Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016” ва омӯзиши забони давлатӣ дар муаасисаҳои таълимии кишвар сухан гуфт.
Дар мизи мудаввар, ки намояндагони Вазорати маориф ва илм, раёсат ва шуъбаҳои маориф, инчунин боғчаҳои бачагонаи ноҳияҳои пойтахт иштирок доштанд, оид ба рушди забони давлатӣ, пос доштани манзалати забон, таъсири забони давлатӣ дар тарбияи кӯдак ва гиромидошти забони давлатӣ маърӯзаҳои пурмӯҳтаво намуданд.
Дар анҷоми чорабинӣ аз ҷониби иштирокдорон пешниҳод шуд, ки мураббияҳо пайваста аз фанни забони давлатӣ бояд курси омӯзишӣ гузаранд. Дар барномаҳои таълимиву тарбиявии кӯдакистонҳо омӯзиши забони давлатӣ ҷоннок карда шавад. Баргузории озмуни беҳтарин гӯянда, ровӣ, наттоқ бо забони давлатӣ мунтазам доир гардида, ҳамасола натиҷагирӣ шавад. Дар муассисаҳои томактабии кишвар ҳусни хатти беҳтарин ва дигар фаъолиятҳо, ки неруи ақлӣ ва зеҳнии кӯдаконро қавӣ намуда, дар ӯ шинохти фарҳангӣ ва миллиро бедор карда метавонад, ҷиддӣ ба роҳ монда шавад.








Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 август дар Филиали Донишкадаи энергетикаи Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд
Бонки миллии Тоҷикистон аз паҳн гардидани боз як навъи қаллобӣ ҳушдор медиҳад
Дар Бохтар оид ба кам кардани талафоти неруи барқ ҷаласа доир гардид
Ҷалби сармояи Чин ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад






