Вохӯрӣ бо довталабон дар Ҳисор
Душанбе, 15.02.2016. (АМИТ «Ховар»). -Бо ибтикори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор дар Қасри фарҳанги ноҳия вохӯрии намояндагони Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва донишгоҳу донишкадаҳо бо довталабон баргузор гардид. Дар вохӯрӣ директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Х.Тешаев, ректору муовинон, котибони масъули комиссияи қабули як зумра донишгоҳу донишкадаҳо ва зиёда аз 800 хонандаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, омӯзгорон ва падару модарон иштирок намуданд.
Ҳадафи асосии ташкили вохӯрӣ аз фаҳмонидани қоидаҳои қабули довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ дар соли таҳсили 2016-2017 иборат буд. Директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Х.Тешаев дар бораи тартиб ва низоми бақайдгириии довталабон, интихоби ихтисосҳо, имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ, тарзи баргузории озмун ва тақсимот ба муассисаҳои таҳсилоти касбӣ маълумоти муфассал дод. Баъдан ба ҳар кадом намояндаи донишгоҳу донишкадаҳо, аз ҷумла ба намояндаи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино барои муаррифии донишгоҳ, ихтисосҳо, факултетҳо ва дигар паҳлуҳои фаъолият ба муҳлати 5-7 дақиқагӣ сухан дода шуд.








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






