Вохӯрии Имомуддин Сатторов бо донишҷӯён
Душанбе, 16.02.2016. (АМИТ «Ховар»). -12-уми феврали соли равон Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Имомуддин Сатторов ба Донишгоҳи миллии тадқиқотӣ-технологии Донишкадаи пӯлод ва хӯлаи Маскав (МИСиС) ташриф оварда, бо роҳбарияти он ва донишҷӯёни тоҷик дидору мулоқот намуд.
Дар суҳбати худ Имомуддин Сатторов аз аҳволи донишҷӯёни тоҷик пурсон ва бохабар шуда, онҳоро барои беҳтар аз худ кардани илмҳои муосири дақиқ ҳидоят намуда, ба онҳо дар идомаи таҳсилашон муваффақияту комёбиҳо орзу намуд. Дар мулоқот ҷалб гардидани ҷавонони ноогоҳ ба сафи ташкилоти террористӣ ва экстремистӣ, оқибатҳои нангини чунин амалҳо ва бар хилофи манфиатҳои миллӣ ва динӣ-мазҳабии тоҷикон будани онҳо таъкид шуд.
Дар навбати худ донишҷӯён баргузории чунин вохӯриҳоро судманд арзёбӣ намуда, ваъда доданд, ки бо таҳсили хубу аъло ва рафтору интизоми намунавӣ обрӯи Тоҷикистони азизро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардошта, баъди соҳибкасб гардидан ба Ватан баргашта, дар рушди соҳаи саноат, технологияи муосир ва коркарди канданиҳои фоиданоки кӯҳӣ саҳми бевоситаи худро мерасонанд. Донишҷӯён аз сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пуштибонӣ ва аз пешрафту нумуи кишвар шукргузорӣ намуданд.
Мавриди зикр аст, ки дар донишгоҳи мазкур наздики 150 нафар донишҷӯи тоҷик аз ҳар гӯшаву канори ҷумҳурӣ таҳсил менамоянд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






