Вохӯрии Махфират Хидирзода бо донишҷӯёни шаҳри Қурғонтеппа
Қурғонтеппа, 05.02.2016. (АМИТ «Ховар) — Дар шаҳри Қурғонтеппа вохӯрии муовини раиси вилояти Хатлон бо донишҷӯён дар мавзўи «Паём сармашқи фаъолияти минбаъдаи ҳар як сокини вилоят» баргузор гардид. Дар вохўрӣ ҳамчунин намояндагони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қурғонтеппа ва вакилони мардумӣ иштирок варзиданд.
Махфират Хидирзода зикр намуд, ки Паёми имсола ба мақоми олии қонунгузории мамлакат ва мардуми шарифи Тоҷикистон дар шароити торафт мураккаб гардидани вазъи ҷаҳони муосир, густариш пайдо кардани зуҳуроти ниҳоят хатарноки асри нав — терроризм ва экстремизм, вусъати бесобиқаи бархурди манофеи абарқудратҳо барои аз нав тақсим кардани чаҳон ва вобаста ба ин, боз ҳам печидаву муташанниҷ гардидани вазъи сиёсии сайёра, инчунин шиддат гирифтани бӯҳрони молиявию иқтисодӣ дар бисёр кишварҳои олам пешниҳод мегардад. Аз ин хотир моро лозим меояд, ки дар таълиму тарбияи насли наврас ниҳоят ҷиддӣ бошем, зеро тамоми кӯшишҳои Роҳбари давлат ба беҳбудии ҷавонон ва зиндагии мардум равона шуда, барои пешрафти ҷомеаи мо таъсири мусбати худро мерасонад.








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






