Вохӯрии Рамазон Раҳимзода бо Го Шенкун
Душанбе, 25.02.2016. (АМИТ «Ховар»). -Субҳи имрӯз, 25-уми феврал вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода дар шаҳри Пекин бо аъзои Шӯрои давлатӣ, вазири бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин Го Шенкун мулоқот доир намуд.
Рамазон Раҳимзода аз меҳмоннавозӣ ва пазироии ҷониби Ҷумҳурии Мардумии Чин изҳори миннатдорӣ намуда, гуфт, ки Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои боз ҳам таҳким бахшидани ҳамкории дуҷониба дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва густариш ёфтани самтҳои гуногунҷабҳа бо ҳамкорони худ ҳамеша омодааст.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба масоили ҳамкорӣ дар самти мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, сепаратизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, силоҳ ва ҷиноятҳои фаромиллӣ табодули афкор намуданд.
Ҳамчунин масъалаҳои таъмини бехатарии корхонаҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон, расонидани кумак барои сохтмони бинои нави Академияи Вазорати корҳои дохилӣ ва Маркази муштараки зиддитеррористии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин дар шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Го Шенкун зикр намуд, ки Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин омода аст, ки барои тақвият бахшидани ҳамкории судманди дуҷониба ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон кумаки худро расонад.








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






