Вохӯрии Шерхон Салимзода бо Аббосалӣ Гасанов
Душанбе, 23.02.2016. (АМИТ «Ховар»).- 22 феврали соли 2016 дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии кории директори агентӣ Шерхон Салимзода бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Тоҷикистон Аббосалӣ Гасанов баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ роҳбари агентӣ меҳмонро бо тамоюлҳои асосии вазъи вобаста ба маводи нашъаовар дар Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ шинос намуд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои вусъат додани ҳамкории дуҷониба байни агентӣ ва Сафорати Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокима гардиданд.
Дар суҳбат инчунин масъалаҳои ҳамкорӣ дар чорчӯбаи Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва Маркази Минтақавии Иттилоотии Ҳамоҳангсозии Осиёи Марказӣ (ММҲИОМ) дар соҳаи мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Зимни вохӯрӣ директори агентӣ меҳмонро бо таҷрибаи Тоҷикистон дар гузаронидани чорабиниҳои зиддимухаддиротӣ шинос намуд.
Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Тоҷикистон Аббосалӣ Гасанов ба директор барои ҳамкорӣ арзи сипос кард ва изҳори бовар намуд, ки ин ҳамкорӣ дар оянда боз ҳам мустаҳкам хоҳанд гардид.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






