Ярмарка-фурӯши ниҳолҳо ва гулу буттаҳо
Душанбе, 22.02.2016. (АМИТ «Ховар»).- Дар шафати Маҷмааи савдои «Пойтахт-90» намоиш фуруши ниҳолҳои мевадиҳанда, сояафкану ороишӣ, гулу буттаҳо ва тухмиҳои баландсифати дорои сертификат доир гардид. Дар намоиш маҳсули дастони кормандони хоҷагиҳои ниҳолпарварии КВДҶ «Тоҷикниҳолпарвар», аз ҷумла «Искич»-и ноҳияи Ҳисор, хоҷагии ба номи «Мирзо Турсунзода»-и ноҳияи Шаҳринав, хоҷагии ниҳолпарварии шаҳри Ваҳдат иштирок доштанд. Дар маҷмӯъ 728 ҳазор бех ниҳол, аз ҷумла 380 ҳазор мевадиҳанда, 166 ҳазор ороишӣ ва 182 ҳазор гулу бутта пешкаши харидорон гардонида шуд. Ҳамчунин, 5 ҳазору 890 кг тухми зироатҳои беҳтарин ба намоиш ва фурӯш гузошта шуд.
Бо мақсади интихоби беҳтарини ниҳолҳо, тарзи сабзонидан ва парвариши боэътимоди он мутахассисони соҳаи кишоварзӣ аз ҷумла, кормандони Академияи кишоварзӣ ба харидорон маслиҳатҳои судманд доданд.
Ёдовар мешавем, ки дар маъракаи ниҳолшинонии соли гузашта, беш аз 1 миллион бех ниҳолҳои гуногун ва 800 кг. тухми зироатҳои кишоварзӣ пешкаши харидорон гардонида шуда буд.
Дар ярмарка хоҷагиҳои ҷангали шаҳри Турсунзода, ноҳияҳои Шаҳринав, Ҳисор, Варзоб ва Ваҳдат бо сарварии директори Агентии хоҷагии ҷангал Исматзода Азизулло ширкати фаъолона доштанд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






