Зафаробод: Корҳои ободонӣ ба истиқболи 25-солагии Истиқлолият

Февраль 6, 2016 10:25

Зафаробод, 06.02.2016 (АМИТ «Ховар»).- Дар доираи 500 рӯзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 25 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Зафаробод корҳои ободонӣ вусъати тоза касб намудаанд.

Раиси ноҳияи Зафаробод Сулаймон Зиёзода зимни шиносоӣ бо корҳои бунёдкорӣ ба масъулин дастур дод, ки обёрии ниҳолҳо ва бо нурӣ  таъмин намудани замин бояд тибқи талаботи агротехнологӣ  ба роҳ монда шуда, нисбат ба парваришу нигоҳубини ниҳолҳои навшинонидашуда назорати қатъӣ бурда шавад.

Тибқи нақшаи мақомоти ноҳия дар мавсими имсола беш аз 500 адад ниҳоли сӯзанбарги сояафкан шинонида мешавад, ки ба гуфти масъулини мақомоти иҷроияи маҳаллӣ он барои боз ҳам ободу зебо гардидани ноҳия мусоидат хоҳад кард.

Февраль 6, 2016 10:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд