Зарурати таъсиси ҳукумати электронӣ
Душанбе, 18.02.2016. (АМИТ «Ховар»).- 17 феврал дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон таҳти унвони «Ҳукумати электронӣ» мизи мудаввари илмию амалӣ доир гардид.
Муовини ректор оид ба илм Ғиёсиддин Ашуров иброз дошт, ки ташкил кардани ҳукумати электронӣ вазифаҳоро барои беҳтар намудани ҳамкории мутақобила дар дохили мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва идора дар асоси ҳуҷҷатгузории бе коғаз, инчунин таъмини татбиқи вазифаҳои идораи давлатиро дар заминаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар бар мегирад.
Фариштамоҳ Гулова, корманди маҷаллаи электронии технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои рушд дар бораи таъсиси ҳукумати электронӣ гуфт, ки он як воситаи дастрас кардани иттилоот ва расонидани хизматҳои давлатӣ ба шаҳрвандон, тиҷорат, дигар шохаҳои давлатӣ ва коркунони давлатӣ мебошад, ки дар он ҳамкории мутақобилаи байни давлат ва дархосткунандагон хеле осон сурат мегирад ва аз технологияҳои иттилоотӣ ҳарчи бештар истифода мешавад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






