30 ҳазор сомонӣ барои озмуни «Муассисаи тиббӣ, табиб ва ҳамшираи шафқати беҳтарин»
Душанбе, 01.03.2016 (АМИТ «Ховар»).- Бо мақсади ноил шудан ба нишондиҳандаҳои беҳтарин ва ҳолати хизматрасонии муассисаҳои соҳаи тандурустӣ дар вилояти Суғд озмуни вилоятии «Муассисаи тиббӣ, табиб ва ҳамшираи шафқати беҳтарин»-и соли 2016 гузаронида мешавад.
Маросими супоридани ҷоизаҳо ба ғолибони озмуни «Муассисаи тиббӣ, табиб ва ҳамшираи шафқати беҳтарин»-и соли 2016 дар ҷамъбасти иҷрои Барномаи вилоятии «Соли 2016-соли фарди солим» моҳи ноябри соли равон сурат мегирад.
Тибқи низомномаи озмун ба Муассисаи маркази вилоятии беҳтарини сол — 30 000 сомонӣ, Беморхонаи марказии ноҳиявии (шаҳрии) беҳтарини сол 30 000 сомонӣ, Беморхонаи минтақавии беҳтарини сол — 10 000 сомонӣ, Маркази саломатии ноҳиявии (шаҳрии) беҳтарини сол 5 000 сомонӣ, Маркази саломатии деҳоти беҳтарини сол 3 000 сомонӣ, Дорухонаи беҳтарини сол 1000 сомонӣ, Беҳтарин табиби соҳаи ҷарроҳии сол 5 000 сомонӣ, Беҳтарин табиби соҳаи амрози дарунии сол 5 000 сомонӣ, Беҳтарин табиби оилавии сол 5000 сомонӣ, Беҳтарин табиби озмоишгари сол 5 000 сомонӣ ва ба беҳтарин ҳамшираи шафқати сол 1500 сомонӣ мукофотпулӣ тақдим мешавад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






