А. Солеҳзода: Бошад, ки Наврӯзи имсола оғози эҳёи андешаи миллӣ гардад
Душанбе,21.03.2016. (АМИТ «Ховар»).- 19 март дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон иди байналмилалии Наврӯз бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил гардид. Тавре ки аз донишкадаи мазкур хабар доданд, дар базми наврӯзӣ устодону донишҷӯёни шаш факулта ва шуъбаи магистратура бо ороиши дастархони наврӯзии ҳафтсину ҳафтшин ва ҳафтмим ва бо арҷгузориву эҳёи анъанаҳои миллӣ гӯшаҳои махсус ташкил намуданд. Бояд зикр кард, ки дар байни факултаҳо барои ороиши беҳтарин дастархони наврӯзӣ, либосҳои миллӣ, намоиш ва эҳёи суннатҳои наврӯзӣ озмун эълон гардида буд ва намояндагони ҳар як факулта бо пешниҳоди анъанаҳои неки ин иди ориёӣ аз якдигар монданӣ надоштанд. Ҳайати ҳакамон намоиши наврӯзии факултаҳоро аз ҷиҳати мазмун, мундариҷа, муаррифӣ ва иштироки донишҷӯёни он баҳогузорӣ карда, ҷои аввалро ба факултаи технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт, ҷои дувумро ба шуъбаи магистратура ва ҷои севумро ба факултаи иқтисоди молиявӣ ва андозбандӣ муносиб донистанд.
Баъдан базми наврӯзӣ дар варзишгоҳи донишкада идома ёфт. Ректори донишкада Ашурбой Солеҳзода ҳозиринро бо фарорасии Наврӯзи хуҷастапай шодбош гуфта, аз ҷумла зикр намуд, ки Наврӯз бо фарорасии худ кошонаи моро нуру зиё мебахшад, дар вуҷуди мо поктарин эҳсосот ва волотарин умеду орзуро бедор месозад. Наврӯз бо нафаси мубораки хеш адовату кинаро аз замири мо дур месозад, меҳри бародарӣ, шафқату меҳрубонӣ ва хайру саховатро дар қалби ҳар яки мо меангезад. Наврӯз ҷашни оғози эҳёст ва бошад, ки Наврӯзи имсола оғози эҳёи андешаи миллӣ гардад. Иттиҳоду ваҳдати моро мустаҳкам созад, дар роҳи эҷоду бунёд ба мо неруву тавон бахшад.








Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






