Қадрдонии хабарнигорони «Ховар» аз ҷониби мақомоти қудратӣ

Март 11, 2016 17:19

Душанбе, 11.03.2016.(АМИТ «Ховар»).- Дар рӯзи таҷлили иди касбии матбуотчиёни тоҷик, ки ҳамасола 11 март ҷашн гирифта мешавад, роҳбарони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи дигар роҳбарону намояндагони вазорату идораҳои кишвар ба Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ташриф оварда, ҳайати эҷодии хабаргузории давлатии «Ховар»-ро бо санаи фархундаю муборак -Рӯзи матбуоти тоҷик табрик намуданд.
Роҳбарияти мақомоти қудратии кишвар зимни ироаи табрикот ба аҳли эҷоди АМИТ «Ховар» саломатӣ, қалами буррою созанда, масъулияти баландро дар ҳифзи арзишҳои миллӣ, таъмини фазои итилоотии кишвар, татбиқи ормонҳои миллӣ, ки аз дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеоянд, таманно намуданд.
Ҳамзамон роҳбарияти сохторҳои қудратии кишвар — Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маросими ботантана иддае аз хабарнигорони АМИТ «Ховар»-ро, ки дар инъикоси фаъолияти сохторҳои марбута ва рушди фазои иттилоотии кишвар саҳми босазо гузоштаанд, бо мукофотҳо, назири нишони ҷашнии «15-солагии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Аълочии қӯшунҳои сарҳадӣ», дараҷаи II, инчунин «Ифтихорнома»-ю «Раҳматнома» сарфароз гардониданд.

Март 11, 2016 17:19

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд