Қадрдонии рӯзноманигорон
Ҳисор, 11.03.2016 (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода ба муносибати рӯзи матбуоти тоҷик бо гурӯҳи калони рӯзноманигорони маҳаллию ҷумҳуриявӣ суҳбати гарму самимӣ доир намуд. Ҷамъомадро сармуҳаррири ҳафтаномаи «Ҳисори Шодмон» Қурбонмурод Асоев оғоз бахшид.
Шарифҷон Ҷумазода дар бораи роҳи тайнамудаи матбуоти тоҷик, нақши он дар рушди ҷомеа сухан намуда, матбуотро чун минбари розу ниёзи мардум хеле муҳим арзёбӣ намуд. Ӯ саҳми кормандони ВАО-ро дар шароити зудтағйёбандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчуни сипари боэътимоди соҳаи идеологӣ муассир хонд. Шарифҷон Ҷумазода ҳамаи рӯзноманигоронро ба ҳамкории судманд даъват намуд.
Сипас байни раиси шаҳр ва рӯзноманигорон суолу посух ва пешниҳодҳои ҷолиб садо доданд. Дар охир хабарнигорон бо туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор сарфароз гардиданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






