Ҷаласаи навбатии КМИР
Душанбе, 25.03.2016. (АМИТ «Ховар»). -Имрӯз таҳти роҳбарии раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёрзода Бахтиёр Тавар ҷаласаи навбатии комиссия баргузор гардид.
Дар ҷаласаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ як зумра масъалаҳои муҳими давраи омодагӣ ба баргузории раъйпурсии умумихалқӣ оид ба тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифт.
Бо мақсади таъмини шаффофият ва мушоҳидаи ошкоро дар давраи омодагӣ ва баргузории раъйпурсии умумихалқӣ оид ба тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мушоҳидони байналмилалӣ даъватнома фиристода мешавад. Бо ин мақсад Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ Дастурамал оид ба тартиби иштироки мушоҳидони миллӣ ва байналмилалиро дар раъйпурсии умумихалқӣ таҳия намуда, дар он тартиби иштирок ва уҳдадориҳои мушоҳидон дарҷ карда шудааст.
Мутобиқи талаботи моддаи 17 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ бо қарорҳои дахлдор Дастурамалро оид ба тартиби иштироки мушоҳидони миллӣ ва байналмилалӣ дар раъйпурсии умумихалқӣ, тартиби аккредитатсияи мушоҳидони байналмилалӣ ва бақайдгирии мушоҳидони миллӣ, намунаи шаҳодатномаҳои мушоҳидони миллию байналмилалӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма, ташкили гурӯҳи кории Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистонро доир ба таъмини фаъолияти мушоҳидони байналмилалӣ тасдиқ намуд.
Ҳамзамон мутобиқи моддаҳои 12 ва 57 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ бо қарори худ интихоботи узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ивази узви хориҷшуда дар ҳавзаи интихоботии шаҳри Душанбе №4 ба рӯзи 29-уми майи соли 2016 таъйин кард. Барои амалӣ гардидани ин қарор Нақшаи тақвимии чорабиниҳои асосӣ доир ба тайёрӣ ва гузаронидани интихоботи узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази узви хориҷшуда дар ҳавзаи интихоботии шаҳри Душанбе №4 тасдиқ гардид ва оид ба масъалаи мазкур комиссияи ҳавзавии интихобот таъсис дода шуд.








Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар шаҳри Бӯстон доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки иҷтимоӣ бо соҳибкорон вохӯрӣ баргузор шуд
Дар даҳсолаи охир дар ҷаҳон шумораи одамони бо гуруснагии фалокатбор рӯбарӯ нуҳ маротиба афзоиш ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон муқобили коррупсия» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе маркази муосири телефонҳои мобилӣ ва фурӯши чиптаҳои ҳавопаймоии «Real Phone» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Мусобиқаи кӯдаконаи «МегаФон Life дар сабки футбол»: мавсими 2026 дар марҳилаи оғозёбӣ қарор дорад!
ХУДШИНОСӢ ВА ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ — ОМИЛИ КАЛИДИИ ҲИФЗИ ИСТИҚЛОЛ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар мавриди пойдории ҳуқуқии давлат дар таълимоти Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






