Ҷаласаи тадорукотии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СҲИ
Душанбе, 07.03.2016. (АМИТ «Ховар»). — Дар пойтахти Индонезия — шаҳри Ҷакарта ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири корҳои хориҷӣ Сироҷидин Аслов 6 марти 2016 дар кори ҷаласаи тадорукотии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Исломӣ (СҲИ) ширкат варзид.
Зимни ин нишаст вазири корҳои хориҷии Индонезия хонум Ретно Марсудӣ, Дабири кулли Созмони Ҳамкории Исломӣ Иёд Амин Маданӣ ва вазири корҳои хориҷии Фаластин Риёз Моликӣ суханронӣ карданд.
Дар ҷаласаи вазирон лоиҳаи эъломия ва қатъномаи Ҷакарта оид ба масъалаи Фаластин ва Қудси Шариф баррасӣ гардида, мувофиқа ба амал омад, ки лоиҳаҳои санадҳои мазкур дар рафти Саммити фавқулодаи сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои узви СҲИ рӯзи 7 март дар Ҷакарта ба тасвиб расонида шавад.
Дар ҳошияи ҷаласаи вазирони корҳои хориҷӣ вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов ва вазири корҳои хориҷии Индонезия Ретно Марсудӣ мулоқот намуда, дар мавриди таҳкими робитаҳои дуҷониба мубодилаи афкори судманд анҷом доданд. Ҷонибҳо бо изҳори ҳавасмандӣ ба тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои гуногун ба зарурати баргузор намудани ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматии иқтисодӣ-тиҷоратии ду кишвар таъкид карданд.
Зимни мулоқот инчунин масоили ҳамкории ду кишвар дар ҳошияи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ мавриди муҳокима қарор гирифт. Пас аз мулоқот вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Индонезия дар ҳузури рӯзноманигорони Индонезия ва кишварҳои хориҷӣ доир ба натиҷаҳои музокироти дуҷониба нишасти матбуотӣ барпо намуданд.
Инчунин дар ҳошияи чорабинии мазкур нимаи дуюми рӯзи 6 март вохӯрии вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо вазири корҳои хориҷии Афғонистон Салоҳидин Раббонӣ сурат гирифт.
Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба масоили гуногун, аз ҷумла вазъият дар сарҳади ҳар ду кишвар ва тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаи мубориза бо чолишу таҳдидҳои замони муосир мубодилаи афкор анҷом доданд.








Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд
Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД. Тоҷикистон дар 34 соли ҳамкорӣ ташаббусҳои муҳимро ба манфиати кишварҳои минтақа ва ҷаҳон амалӣ намудааст
Ҳайати тиҷоратии Олмон барои густариши ҳамкорӣ ба шаҳри Душанбе меояд
Дар Батуми мулоқоти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Гурҷистон баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо Мудири кулли Мақомоти федералии андози Амороти Муттаҳидаи Араб мулоқот намуд
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Сарвазири Гурҷистон вохӯрӣ намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Гурҷистон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
Дар Берлин нахустин Маркази инноватсионии зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ бо дастгирии NVIDIA муаррифӣ гардид






