Сафири Тоҷикистон бо Мудири кулли Мақомоти федералии андози Амороти Муттаҳидаи Араб мулоқот намуд

Октябрь 23, 2026 18:10

ДУШАНБЕ, 23.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 22 октябр дар шаҳри Абу Забӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб Ашрафҷон Гулов бо Мудири кулли Мақомоти федералии андози Амороти Муттаҳидаи Араб  Абдулазиз Муҳаммад Фараҷ Ал Мулла мулоқот намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб хабар доданд, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо аҳаммияти таҳкими робитаҳои ҳамкорӣ байни Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти федералии андози Амороти Муттаҳидаи Араб тавассути имзои созишномаҳои дуҷониба баррасӣ карданд.

Ҷонибҳо инчунин иштирок дар чорабиниҳои байналмилалӣ, ташкили семинарҳо барои баланд бардоштани зарфияти кадрҳо, табодули таҷриба ва дониш, омодасозии мутахассисон, инчунин мусоидати мутақобила ба раванди рақамисозии низоми маъмурикунонии андоз ва таҳлили маълумот оид ба масъалаҳои андозбандиро таъкид намуданд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб

Октябрь 23, 2026 18:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд