Ализода гузоришгари СММ-ро бо вазъи озодии баён ошно кард

Март 7, 2016 15:33

Душанбе, 07.03.2016.(АМИТ «Ховар»).- «Дастрасӣ ба иттилоот ва воситаҳои ахбори омма ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятнок дар Стратегияи мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон барои солҳои 2016-2020 муайян шудааст». Ин матлбаро Зариф Ализода -ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни мулоқоташ бо Девид Кей -гузоришгари махсуси Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ оид ба татбиқ, ҳифзи ҳуқуқ, озодии андеша ва баён дар Душанбе баён кард.
Зариф Ализода ба гузоришгари СММ доир ба салоҳият, ваколат ва фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон маълумоти муфассал дод. Мавсуф зикр кард, ки ҳамасола дар маърӯзаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон қисмати алоҳида маҳз ба самти озодии баён ва ВАО бахшида мешавад.
Ҳамзамон дар мулоқот масоили марбут ба озодии баён, дастрасӣ ба иттилоот, ВАО, эътиқоди динӣ, аҳзоби сиёсӣ ва дигар масоили мубрами ҳуқуқи инсон ва шаҳрвандӣ матраҳ гардиданд.
Гузоришгари СММ Девид Кей саҳми мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсонро дар ҳимоя ва пешбурди ҳуқуқи шаҳрвандон муҳим арзёбӣ намуд.

Март 7, 2016 15:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст