Амалиёти «Соҳили пок» дар Дарвоз
Душанбе, 25.03.2016. (АМИТ «Ховар»). -Кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Дарвоз бо гурўҳе аз хонандагону кормандони идораву муассисаҳо ва сарбозони қисмҳои низомӣ соҳили дарёи Панҷро аз партову ахлот пок карданд. Сардори бахши мазкур Саъдулло Сайфуллоев гуфт, ки дар ин амалиёт бештар аз якуним ҳазор нафар ширкат доштанд. Ин амалиёт баъди ҳар се моҳ баргузор мегардад. Дар поёноби ин дарё миллионҳо нафар зиндагӣ мекунанд ва дар фасли тобистон кўдакону наврасони зиёд ба оббозӣ машғул мешаванд. Аз ин рў мо сокиноне, ки дар саргаҳи об сукунат дорем, барои поку беолоиш нигаҳ доштани он масъул ҳастем.
Дар оғози фасли баҳор дар ин ноҳия наздики 7 ҳазор дарахтони ороишию мевадор шинонда шуданд. Солҳои пеш мо кўчати гулҳоро аз шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ интиқол медодем, аммо ҳоло дар мавзеъҳои Паткуноб ва Роғак гармхонаҳо вуҷуд доранд ва соли равон дар маркази ноҳия ниҳолҳои ин гармхонаҳо шинонда шуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






