Ҳамоиши илмӣ ба ифтихори Пешвои миллат

Март 10, 2016 14:37

Душанбе, 10.03.2016.(АМИТ Ховар).-«Имрӯз мардуми Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро на танҳо ҳамчун Сарвари хеш, балки наҷотбахши давлат, сарҷамъкунандаи миллат, кафили сулҳу ваҳдат, бунёдгузори иқтисоди кишвар, эҳёгари фарҳанги миллӣ, асосгузори мактаби давлатдории муосири миллӣ мешиносанд ва қадрдонӣ мекунанд»,- зикр шуд зимни баргузории ҳамоиши илмии «Менеҷери муосир»-и кафедраи идоракунии захираҳои инсонии Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар ҳамоиш роҳбарони воҳидҳои сохтории донишкада, омӯзгорон ва донишҷӯён ширкат намуда, дар мавзӯъҳои «Ҷавонон — пайрави Пешвои миллат ва муҳофизи дастовардҳои истиқлолият», «Пешвои хирадманд ва раҳнамои ояндабин», «Нақши Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон» сухан карданд. Инчунин донишҷӯён зимни ироаи маърӯзаҳои илмӣ доир ба саҳми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими истиқлолияти миллӣ, сулҳу ваҳдат, муаррифии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ маълумоти муфассал доданд.
Дар фарҷоми ҳамоиш мудири кафедраи идоракунии захираҳои инсонии Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти кишвар Шосаидзода Сафар Ҳасан зикр намуд, ки баргузории чунин ҳамоишҳои илмӣ ба таҳкими худшиносӣ, ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, баланд гардидани савияи дониш ва рушди зеҳнии донишҷӯён мусоидат менамояд.

Март 10, 2016 14:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд