Анҷумани минтақавӣ дар Суғд бо иштироки соҳибкорони хориҷӣ
Хуҷанд, 01.03.2016 (АМИТ «Ховар»). — 26-27- уми феврали соли равон дар шаҳри Қайроққум Анҷумани минтақавӣ оид ба шартномабандӣ байни истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ, корхонаҳои коркард ва содироткунандагони ватанӣ бо доираҳои тиҷоратӣ ва соҳибкорони давлатҳои хориҷи дуру наздик доир гардид. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд барои иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти афзун намудани содироти меваю сабзавоти Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷӣ, хусусан Русияву Қазоқистон иқдомоти заруриро амалӣ менамоянд.
Дар Анҷумани минтақавӣ оид ба шартномабандӣ муовини раиси вилоят Анвар Яъқубӣ изҳор дошт, ки анҷумани мазкур бо мақсади дастгирии истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ, корхонаҳои коркард ва содироткунандагон, дастгирии рушди савдои берунӣ, тақвият бахшидан ба равобити хориҷӣ ва байниминтақавӣ гузаронида мешавад. Вай ҳамзамон иттилоъ дод, ки дар анҷуман 120 нафар соҳибкорону истеҳсолкунандагон аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон ва 27 намояндаи доираҳои тиҷоратии Русияву Қазоқистон иштирок карданд. Дар анҷуман асосан соҳибкорону тоҷику рус роҳҳои густариши ҳамкориро муҳокима намуданд ва дар натиҷа миёни онҳо 32 ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расид.
Мақсади чорабинии мазкур мустаҳкам намудани алоқаҳои тиҷоратӣ байни соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия мебошад. Дар анҷуман бисёр ширкатҳои Федератсияи Русия, аз қабили «Магнит», «Агротехнологии», «Импексагро», «Деловой партнер» ва дигарон иштирок намуданд.
Дар чорабинии мазкур маҳсулоти истеҳсолшаванда муаррифӣ шуда, талаботи харидорон, роҳҳои минбаъдаи ҳамкорӣ ва равобит байни молистеҳсолкунандагони ватанӣ ва харидорон аз Русия омўхта шуданд.








Корхонаи коркарди пахтаи ноҳияи Фархор баъд аз таъмир ба истифода дода шуд
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПАХТА. Як килограмм нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ ба 16 килограмм гандум баробар аст
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
Дурнамои рушди соҳаи сохтмони Тоҷикистон дар форуми байналмилалӣ дар Екатеринбург муаррифӣ гардид
Лоиҳаи «Дастрасӣ ба бозорҳо ва мутобиқшавӣ барои чорводорӣ» татбиқ мегардад
Дар Конфронси C5+1 SI дастовардҳои Тоҷикистон дар самти рушди зеҳни сунъӣ муаррифӣ шуданд
Коршиносони БОР соҳаи нақлиёт ва логистикаро яке аз муҳаррикони рушди иқтисодиёт арзёбӣ менамоянд
Байни Тоҷикистон ва палатаҳои савдою саноати кишварҳои ИДМ густариши робитаҳои тиҷоратӣ баррасӣ гардид
Барои фурӯши неруи барқ тавассути истгоҳҳои пуркунии воситаҳои нақлиёти барқӣ талаботи нав амалӣ гардид
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. То 1 октябр дар шаҳри Кӯлоб 493 иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ ба истифода дода шудааст
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои гузаргоҳи гумрукӣ ва чоҳи амудӣ ба истифода дода шуд
Истифодаи таҷрибаи байналмилалӣ дар самти рушди ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда баррасӣ шуд






