АНМН барои ишғоли вазифаҳои холӣ озмун эълон мекунад
Душанбе, 26.03.2016. (АМИТ «Ховар»). — Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли вазифаҳои холии дастгоҳи марказӣ (ш.Душанбе), ваколатдори калони фаврӣ оид ба корҳои махсусан муҳим, ваколатдори калони фаврӣ, ваколатдори калони фаврӣ, ваколатдори фаврӣ, нозир-кинолог, муфаттиш ва нозир-навбатдор озмун эълон менамояд
Шуъбаи агентӣ дар ноҳияи Ҷиргатол ба ваколатдори фаврӣ ниёз дорад.
Раёсати Агентӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои ваколатдори фаврӣ, ёрдамчии навбатдор, Шуъбаи ноҳияи Ишкошим барои ваколатдори фаврӣ, Шуъбаи ноҳияи Мурғоб барои муфаттиш, ҳамзамон нозир-коргузор, Шуъбаи ноҳияи Дарвоз ба ваколатдори фаврӣ эҳтиёҷ доранд.
Мутахассисони варзида ҳамчунин барои Раёсати агентӣ дар шаҳри Қурғонтеппаи вилояти Хатлон, Шуъбаи байниноҳиявии Кӯлоб, Раёсати агентӣ дар вилояти Суғд, Шуъбаи ноҳияи Исфара, Шуъбаи байниноҳиявии Зарафшон (ш.Панҷакент) заруранд.
Озмун аз 3 давр иборат буда, номзадон бояд ҳуҷҷатҳои заруриро омода созанд.
Ариза ва ҳуҷҷатҳои номзадон барои иштирок дар озмун аз 01 то 10-уми апрели соли 2016 дар бинои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Душанбе, кучаи Н.Қарабоев 52 қабул карда мешаванд.
Телефон барои тамос: 234-63-94.








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






