Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Вена
Душанбе, 25.03.2016 (АМИТ «Ховар»).- 24 марти соли 2016 дар бинои шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид дар Вена бо ташаббуси намояндагиҳои доимии кишварҳои ҳавзаи Наврӯз, аз ҷумла Тоҷикистон, Афғонистон, Ироқ, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркия, Туркманистон, Узбекистон ва Эрон ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил шуд.
Aз номи намояндагиҳои доимӣ Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон Риза Наҷафӣ ҳозиринро хайрамақдам гуфта, баъдан муовини мудири кулли шуъбаи СММ дар Вена Дэннис Тчатчайчавалит паёми табрикии муовини дабири кулли СММ, мудири кулли шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид дар Вена Юрий Федотовро ба самъи меҳмонону иштирокдорони чорабинӣ расонид.
Дар чорабинии наврӯзӣ намояндагони вазорату идораҳои кишвари иқомат, созмонҳои байналмилалӣ, ҳайати дипломатии муқими Вена ва меҳмонони сершумор иштирок доштанд.
Дар маърака кишварҳо гӯшаи фарҳангии худро ташкил карда буданд, ки дар қатори онҳо гӯшаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хӯроку шириниҳои лазизи наврӯзӣ, ҳунарҳои дастии қадимии мардумӣ, аз қабили сӯзаниву гулдӯзӣ, анвои гуногуни либосҳои миллӣ ва маводи таблиғотӣ ороиш дода шуд.
Дастурхони пурнозу неъмати тоҷикӣ диққати ҷамъомадагонро ба худ ҷалб намуд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






