Ҷашни Рӯзи Модар дар Вазорати кишоварзӣ
Душанбе, 09.03.2016 (АМИТ «Ховар»).-7-уми март дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки бонувон чорабинии тантанавӣ доир гардид. Вазири кишоварзӣ Маҳмадтоир Зокирзода тамоми занону модарон ва махсусан он занонеро, ки дар соҳаи кишоварзӣ фаъолият доранд, бо Рӯзи Модар табрик намуд.
Аз ҷумла, мавсуф зикр намуд, ки: «Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикисон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон занони тоҷикро зевари миллат арзёбӣ кардааст, ки баҳои баландтарин ва нишони таваҷҷуҳи хосаашон ба занону модарон мебошад.
Ҳамчунин зикр шуд, ки Сарвари давлат барои донишманду бомаърифат будани занону модарони тоҷик борҳо иброз дошт, ки бояд занони Тоҷикистон босаводу соҳибмаърифат, болаёқату соҳибихтисос ва пешрафтаву фарҳангӣ бошанд, зеро онҳо дар баробари ин, ки тарбияткунандаи миллат ҳастанд, оина ва зевари миллати сарбаланди тоҷик ва ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ низ мебошанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






