Ассотсиатсияи кумак ва дастгирии Ҷопон дар Тоҷикистон 16 лоиҳаро амалӣ намудааст

Март 2, 2016 10:50

Душанбе, 02.03.2016 (АМИТ «Ховар»).- Ба иттилои Такаша Камада, сарпарасти Сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи «Рушди таҳсилоти фарогир барои кӯдакони дорои имконияти маҳдуд дар шаҳри Душанбе» аз ҷониби ҳукумати Ҷопон маблағгузорӣ шуда, то имрӯз барои омӯзиши кӯдакони маъюб чандин корҳо ба анҷом расонида, шароити хуб барои онҳо фароҳам оварда шудааст.
Ҳамчунин Такаша Камада илова намуд, ки ҳафтаи гузашта марҳилаи 3-юми лоиҳаи мазкур шуруъ шуд ва тибқи он барои кӯдакон компютер ва асбобҳои чопкунӣ пешкаш гардида, майдончаи варзишӣ сохта мешавад ва ҳамзамон омӯзгорон аз хориҷи кишвар барои таълими омӯзгорони маҳаллӣ даъват мешаванд.
Мавриди зикр аст, ки Ассотсиатсияи кумак ва дастгирии Ҷопон аз соли 2001 то инҷониб бо кумакҳои ҳукумати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 лоиҳаро ба маблағи 3,3 миллион доллар амалӣ намудааст.

Март 2, 2016 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд