Аз Боғи Ирам то туризм: як ҷаҳиши дигар дар рушди туризми дохилӣ
Душанбе, 31.03.2016 (АМИТ «Ховар»).- Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ҳамчун ҳамоҳангсози чорабиниҳо шурӯъ аз 3 апрели соли равон дар Боғи Ирами шаҳри Душанбе ҳар ҳафта рӯзҳои шанбею якшанбе то охири сол дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳои дахлдори кишвар, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва муассисаҳои олии таълимӣ ба муносибати 25 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон силсилаи чорабиниҳои фарҳангиро барои ғанӣ гардонидани маънавиёти сокинони пойтахт, махсусан ҷавонон баргузор менамояд.
Дар баробари дигар чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғати гӯшаи туристӣ барои дӯстдорони сайру саёҳат ва намоиши маҳсули ҳунармандони ҷумҳурӣ, аз ҷумла армуғонҳо барои сайёҳон пешниҳод мешаванд.
Ҳадафи аслии чорабиниҳо мусоидат намудан ба устувории рушди туризм, муаррифии имкониятҳои туризми дохилӣ, беҳтар намудани сифати хизматрасониҳо, ҷалби таваҷҷуҳи доираи васеи мардум ба соҳаи сайёҳӣ, фаъол гардонидани хатсайрҳои туристӣ, дарёфти истеъдодҳои нав, чеҳраҳои ҷавон ва ба ин васила тақвият додани ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ, бедор намудани ифтихори ватандорӣ дар ниҳоди ҷавонон арзёбӣ мегардад.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






