Б. Асад барои мухолифине, ки яроқашонро месупоранд, «авфи пурра» ваъда дод
Душанбе, 02.03.2016 (АМИТ «Ховар»),- Президенти Сурия Башор Асад барои ҳамаи мухолифине, ки яроқашонро месупоранд, «авфи пурра»-ваъда кард. Илова бар ин, ӯ ошӯбгаронро барои шикастани ахди сулҳ гунаҳкор дониста, зикр кард ки неруҳои давлатӣ ба онҳо ҷавоб надоданд, хабар медиҳад RBC.
Дар ин бора ӯ дар мусоҳиба бо телевизиони ARD-и Олмон изҳор дошт. Ҳангоми ҷавоб додан ба саволи он, ки намояндагони мухолифини муътадил барои аз нав шаҳрвандии Сурияро гирифтан чӣ бояд кунанд, чунин ҷавоб дод: «Новобаста аз он, ки онҳо ба ҷараёни сиёсӣ дохил шудан мехоҳанд ё не, зарур аст, ки яроқи худро гузоранд. Б. Асад илова кард, ки барои ӯ аз ҳама муҳим он аст, км шаҳрвандони Сурия дар даст ярок надошта бошанд ва ба аҳолии осоишта зараре нарасонанд. «Ин ягона чизест, ки мо талаб дорем. Тавре ман гуфтам, мо ба ҳамаи мухолифоне, ки яроқи худро мегузоранд, авфи пурраро пешниҳод мекунем»- гуфт президенти Сурия.
Илова бар ин, ӯ созиши «оташбас»-ро дар Сурия як «шуълаи умед» номид ва қайд кард, ки ҳукумати мамлакат аз тарафи худ ҳамаи чораҳоро меандешад, то ки созиши «оташбас» давом ёбад ва дар мамлакат сулҳ пойдор бошад,- хабар медихад Reuters.
Созиши «оташбас» миёни Русия ва ИМА ҳафтаи гузашта ба даст омада буд. Шуруъ аз 27 феврал оташбас дар Сурия амал мекунад. Мутобиқи ин созиш ҳама амалиёти ҳарбӣ, ба гайр аз зарба ба мавқеъҳои «Давлати исломӣ», «Ҷабҳат ан-Нусра» ва дигар гурӯҳҳое, ки бо қарори СММ ҳамчун гурӯҳи террористӣ эълон шудаанд, манъ аст.








Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад






