Ба муассисаҳои таҳсилоти олии Эрон онҳое қабул мешаванд, ки бо хатти форсӣ хонда ва навишта тавонанд
Душанбе, 01.03.2016 (АМИТ «Ховар»). — Бо мақсади қабул шудани донишҷўёни лаёқатманд ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо тамдид ва корҳои таблиғотию ташвиқотӣ ҷоннок карда шаванд,- пешниҳод намуд вазири маориф ва илм Нуриддин Саид зимни вохӯрӣ бо сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳуҷҷатулло Фағонӣ.
Ҳамчунин вазири маориф ва илм пешниҳод намуд, ки дар тартиби қабули довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олии ҶИЭ тағйирот ворид намуда, танҳо онҳое қабул карда шаванд, ки бо хатти форсӣ хонда ва навишта тавонанд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо вобаста ба рушди ҳамкорӣ суҳбат намуда, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳуҷҷатулло Фағонӣ пешниҳод кард, ки бо мақсади амалӣ намудани нақшаву барномаҳо, ки дар шартномаҳои дуҷониба нишон дода шудаанд, миёни Вазорати маориф ва илм ва Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гурўҳи кории вижа таъсис дода шавад. Ҳамчунин дар идомаи суҳбат сафири ҶИЭ зикр сохт, ки миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ду кишвар ҳамкорӣ ҷоннок карда шаванд. Илова ба ин, дар ҳамоиши байналмилалии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварҳои форсизабон, ки моҳҳои наздик дар Эрон баргузор мегардад, намояндагони донишгоҳу донишкадаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ширкат варзанд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти вазорат, то имрўз довталабоне, ки барои таҳсил ба ҶИЭ фиристода мешаванд, як соли аввал ба омўзиши хатти форсӣ машғул шуда, баъд аз супоридани имтиҳон сипас ба ҳайси донишҷў пазируфта мешуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






