Бадахшон: Мошинҳои сиёҳшишаи беиҷозат кам шудаанд
Хоруғ, 31.03.2016. (АМИТ «Ховар»). -Кормандони Бозрасии давлатии автомобилии РВКД бо мақсади ба танзим овардани қоидаҳои ҳаракати роҳ чанд рӯз амалиёти «Тартибот»-ро дар роҳҳои мошингарди шаҳри Хоруғ ба роҳ андохтанд. Сухангӯи ин раёсат Далер Чоршанбиев гуфт, ки санҷишҳои чанд моҳи охир натиҷаи хуб ба бор оварданд. Аксарияти ронандагоне, ки мошинҳояшон шишаи сиёҳ доштанд, бо худ иҷозатномаи махсуси ВКД-ро доштанд, аммо иддае аз ронандагони ҷавон ҳанӯз ҳам ғайриқонунӣ аз пардаҳои сиёҳ истифода мекарданд. Баъди корҳои таблиғотию фаҳмондадиҳӣ 88 нафар ронанда ба ШБДА ҳозир шуда,бо пардохти наздики 190 ҳазор сомонӣ ба буҷети давлатӣ соҳиби иҷозатнома шуданд. Дар коҳиши шумораи мошинҳои сиёҳшиша худи мусофирон ба мо кумак расонданд, зеро ба гуфтаи аксарияти ронандагони мошинҳои мусофирбар онҳо худашон аз истифодаи пардаҳои сиёҳ довталабона даст кашиданд. Бештари мусофирон баъди манъ кардани мошин чун мебинанд, ки шишаашон сиёҳ аст, аз савор шудан худдорӣ меварзанд. Аз ин рӯ маҷбур шудем пардаи сиёҳро аз шишаҳо пок кунем,-изҳор доштанд ронандагон.
Ба ҷуз ин ШБДА РВКД дар давоми се моҳ 900 воситаи нақлиётро мавриди муоинаи техникӣ қарор дод, ки аз ин ҳисоб ба буҷети давлатӣ бештар аз ним миллион сомонӣ ворид гардид.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет






