“Барселона” – “Атлетико”: Испания афсӯс мехӯрад
Душанбе, 19.03.2016 (АМИТ «Ховар»).- Шаҳри Ниони Швейтсария ҳини қуръакашии бозиҳои ¼ -ии Ҷоми чемпионҳои Аврупо ду топ-клуби Испания-“Барселона” ва “Атлетико”-ро дар муқобили ҳам гузошт. Ҷанлука Замброта, футболбози маъруфи итолиёвӣ, ки бо ширкаташ дар дастаҳои номдори Аврупо ва тими мунтахаби Италия шӯҳратёр шудааст, дар вақти қуракашӣ ҷуфти “Бавария”-“Бенфика”, “Реал”-“Волсфбург” ва ПСЖ-“Манчестер Ситӣ”-ро муайян кард.
Бозиҳои аввал рӯзҳои 5 ва 6 апрел сурат мегиранд. Соли гузашта дар марҳалаи ¼ ниҳоӣ “Атлетико” бо “Реал” ва “Барселона” бо ПСЖ қувва озмуда буданд. Дастаҳои “Манчестер Ситӣ” ва “Волсфбург” дар таърихи худ бори аввал ба бозиҳои ¼ ниҳоӣ баромадаанд
Дар Лигаи Аврупо дар ¼ финал дастаҳои «Боруссия» –и Олмон бо «Ливерпул»-и Англия, «Спарта»-и Чехия бо «Вилярреал» , «Атлетик» бо «Севиля» ва «Шахтер»-и Украина бо «Брага»-и Португалия баъди натиҷаи қуръакашӣ вориди майдон мешаванд. Дар ин бозиҳо низ ду дастаи Испания «Атлетик» бо «Севиля» бо ҳам рӯ ба рӯ мешаванд.
Бозиҳои Лигаи Аврупо рӯзи 7 ва 14 апрел доир мегарданд.








БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






