Бизнес-форуми соҳибкории Тоҷикистону Туркманистон дар Душанбе

Март 11, 2016 14:58

Душанбе, 11.03.2016 (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон якумин Бизнес-форуми соҳибкории Тоҷикистону Туркманистон баргузор гардид. Ҳадаф аз баргузор намудани чунин форум таъмин ва мустаҳкам намудани рушди муносибатҳои соҳибкориву иқтисодӣ байни Тоҷикистону Туркманистон мебошад.
Ба иттилои сардори раёсати дастгирии соҳибкории Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлат Ҳабибов дар назар аст, ки дар доираи бизнес-форуми соҳибкории Тоҷикистону Туркманистон созишномаҳои дахлдор ва ё ёддоштҳои тафоҳум байни соҳибкорони ду кишвар ба тасвиб расида, барои боз ҳам мустаҳкам намудани додугирифт миёни Тоҷикистону Туркманистон заминаи хубе фароҳам оранд.

Март 11, 2016 14:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст