БМТ: Мулоқот бо ҳайати гурӯҳи Бонки исломии рушд

Март 3, 2016 08:44

Душанбе, 03.03.2016. (АМИТ «Ховар»).-2 марти соли равон муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев бо роҳбари ҳайати гурӯҳи Бонки исломии рушд, директори барномаҳои кишварӣ Муҳаммад Ҷамал Ал-Саатӣ, ки барои омӯзиши лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузории мамлакат, дарёфти роҳҳои нави таҳкими робитаҳо бо сохторҳои давлатию хусусӣ ба муддати як ҳафта ба ҷумҳурии мо омадааст, мулоқоти корӣ доир намуд. Дар ҷараёни вохӯрӣ муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон аз муносибатҳои дуҷонибаи мавҷуда қаноатмандии худро баён намуда, омодагии низоми бонкии мамлакатро ба ҳамкории боз ҳам зичу судманд бо Бонки исломии рушд иброз дошт ва аз меҳмонон даъват ба амал овард, ки дар ин самт корро боз ҳам ҷонноктар намоянд. Номбурда таъкид кард, ки дар айни замон Бонки миллии Тоҷикистон ба мусоидат барои пешниҳоди кумаки машваратӣ барои таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқии бонкдории исломӣ ва бозомӯзии мутахассисони бонкӣ ниёз дорад.
Ҷонибҳо зимни мулоқот имкониятҳои бештари ба роҳ мондани ҳамкории дуҷонибаи судманд, расонидани кумакҳои техникӣ, таҳия ва дар амал татбиқ намудани лоиҳаҳои нави сармоягузорӣ дар бахши бонкиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Роҳбари ҳайати гурӯҳи Бонки исломии рушд Муҳаммад Ҷамал Ал-Саатӣ аз сатҳ ва раванди ҳамкорӣ бо ташкилоти қарзӣ ва низоми бонкии кишвар изҳори хушнудӣ намуда, зикр кард, ки барои ба таври мушаххас ва мукаммал муайян кардани самтҳои ҳамкорӣ моҳи апрели соли равон гурӯҳи мутахассисони касбии Бонки исломии рушд ба Душанбе меояд.
Зимни мубодилаи афкор Ҷамолиддин Нуралиев ва намояндагони Корпоратсияи байналмилалии исломӣ оид ба маблағгузории тиҷорат (ITFC), Корпоратсияи исломӣ оид ба рушди бахши хусусӣ (ICD), ки шомили ҳайати номбурда мебошанд, паҳлуҳои нави ҳамкории афзалиятноки Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки исломии рушдро баррасӣ намуданд.

Март 3, 2016 08:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд