Бохти Тоҷикистон ба Қирғизистон дар Душанбе
Душанбе, 30.03.2016. (АМИТ «Ховар»).-Шоми дирӯз бозии даври охирини марҳилаи дувуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2018 дар гурӯҳи «В ва Ҷоми Осиё-2019 миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Қирғизистон дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо ҳузури 7 ҳазору 500 тамошобин баргузор шуд. Дастаи мунтахаби Қирғизистон бо ҳисоби 1:0 дастаи мунтахаби Тоҷикистонро шикаст дод. Ёдовар мешавем, ки Мубин Эргашев, иҷрокунандаи вазифаи сармураббии тими мунтахаби футболи Тоҷикистон, баъд аз шикаст хӯрдани дастааш аз тими миллии Австралия бо ҳисоби бузурги 0:7 ва бозгашт ба Душанбе ба иллати бемории қалб дар Маркази миллии тиббӣ бистарӣ шудааст. Бинобар ин, дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ин бозӣ таҳти раҳбарии мураббии калони даста Роман Пилипчук, мутахассиси украинӣ ба майдон омад. Бозӣ бо ҳуҷумҳои паиҳами мизбонон шурӯъ шуд. Онҳо дар назди дарвозаи меҳмонон вазъиятҳои зиёди голзаниро ба вуҷуд оварданд, вале ҳамлагарон Аҳтам Ҳамроқулов, Манучеҳр Ҷалилов борҳо тӯбро ба нишон расонида натавонистанд. Дар футбол мегӯянд, ки агар ту гол назанӣ, гол мехӯрӣ. Ҳамин тавр ҳам шуд. Виталий Люкс, бозингари дастаи мунтахаби Қирғизистон тӯбро дар дақиқаи 18-ум ба дарвозаи мизбонон ворид карда, ҳисобро боз намуд. Ин голи ягона дар ин бозӣ ҳалкунанда шуд.
Бояд тазаккур дод, ки ин бозии дувоздаҳуми дастаҳои мунтахаби миллии Тоҷикистону Қирғизистон дар замони истиқлолияти ҳарду кишвар ба шумор мерафт. Дар ҳафт бозӣ футболбозони тоҷик ғолиб омадаанд, дар се бозӣ футболбозони қирғиз пирӯз шудаанд ва ду бозӣ бо натиҷаи мусовӣ анҷом ёфт.
Дар бозии дигари гурӯҳи «В рӯзи 29 март дастаи мунтахаби Австралия дар майдони худ дастаи Урдунро бо ҳисоби бузурги 5:1 шикаст дод.
Ба ин тартиб, баъди ҷамъбасти мусобиқа дар ҷадвали гурӯҳи «В»дастаи мунтахаби Австралия, қаҳрамони феълии Осиё бо 21 имтиёз ҷойи аввалро касб кард. Дастаи мунтахаби Урдун бо 16 имтиёз дар ҷойи дувум қарор гирифт. Дастаҳои мунтахаби Австралия ва Урдун ба даври баъдӣ роҳ ёфтанд. Тими мунтахаби Қирғизистон, ки бо 14 имтиёз ҷойи севумро азони худ кард, мустақиман ба ҳаққи ширкат дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2019 роҳхат гирифт. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо 5 имтиёз ҷойи чаҳорумро ишғол намуд, тими мунтахаби Бангладеш бо як имтиёз дар зинаи охирин- панҷум ҷойгир шуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






