«Бону»-дастгирии муҳоҷирзанони тоҷикистонӣ дар хориҷи кишвар вазифаи мост

Март 7, 2016 15:45

Душанбе, 04.03.2016 (АМИТ «Ховар»). — Дар хориҷи кишвар имрӯз бисёранд фаъолзанони тоҷик, ки ба нафъи миллат ва оилаи худ кор мекунанд. Дар мавриди Рӯзи модар, нақши занон ва фаъолияти онҳо дар хориҷа раиси ҷамъияти тоҷикони вилояти Иркутск    Муриват Маликшоев андешаҳояшро чунин баён намуд:  

Ривоят мекунанд, ки Худованд накхат аз гул, нӯш аз ангубин, гармӣ аз офтоб, тароват аз борон, шукўҳ аз осмон, боронгарӣ аз абр, равшанӣ аз субҳ, зебоӣ аз баҳору хушилҳомӣ аз андалебро қатра-қатра ҷамъ оварду занро офарид, то ҷаҳонро равшану инсониятро хушбахт гардонад.

Обрўи аҳли дин аз хоки пои модар  аст,

Ҳарчӣ дорад ин ҷамоат аз дуои модар  аст.

Он чӣ дар васфи биҳишт фармуд Қуръони Карим,

Соҳиби Қуръон бигуфто, зери пои модар аст. 

Бузургии зан-модар пеш аз ҳама дар он таҷассум меёбад, ки ў чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбияткунанда ва ба камол расонандаи фарзанд, инчунин нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллат мебошад.

Муддати  чанд сол мешавад, ки дар қатори мардон як идда занон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба минтақаҳои гуногуни Федератсияи Русия ҳамчун муҳоҷири меҳнатӣ шуда, барои фаъолияти корӣ рафту омад доранд, аз он ҷумла ба вилояти Иркутск.

Вақте, ки шахс берун аз кишвар барои фаъолияти меҳнатӣ сафар мекунад, ҳатман ба як қатор мушкилиҳо дучор мешавад. Аз ҳамин сабаб 22 майи соли 2014 бо таклифи раиси ҷамъияти миллӣ-фарҳангии ба номи «Ҳамватан» — и тоҷикони вилояти Иркутски Федератсияи Русия ва бо дастгирии як идда занон-модарони фаъоли тоҷикистонии ин вилоят аввалин шуда дар ФР дар байни тамоми ҷамъиятҳои миллӣ-фархангии тоҷикони минтақаҳои гуногуни кишвари Русия Иттиҳодияи занони тоҷикистонии ба номи «Бону» — и вилояти Иркутск таъсис дода шуда буд. Мақсад ва ҳадафи асосии ин иттиҳодия кумак расонӣ ва дастгирӣ намудани муҳоҷирзанони тоҷикистонӣ дар мушкилоти фаъолият ва рўзгорашон буда, аз тарафи дигар барои занон, модарон ва хоҳарони точикистонии ин вилоят ташкил намудан ва гузаронидани ҷашну маъракаҳои миллӣ-фарҳангии бою ғании тоҷик мебошад.

Шӯрои иттиҳодия дар муддати начандон зиёди фаъолияти кориаш тавонист, ки даҳҳо маъракаҳою чорабиниҳои миллӣ-фарҳангиро гузаронад. Махсусан соли гузашта, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварамон соли оила эълон шуда буд, Шўрои занон бахшида ба эълон шудани соли оила дар шаҳрҳои Ангарск ва Иркутск панҷ маърака гузаронид, ки аз ин ду  конфронс  дар мавзуи «Зан ва ҷомеа», «Зан ва Муҳоҷират», инчунин се маъракаи фарҳангиро ташкил карда гузарониданд. Чӣ дар кори конфронсҳо  ва чӣ дар маъракаҳои фарҳангӣ  на ин, ки фақат занон-модарони тоҷик, балки занони намояндагони дигар халқияту миллатҳои гуногуни ин вилоят ба монанди: русҳо, узбекҳо, тоторхо, бурятҳо, қирғизон, украинҳо  иштирок карданд.
Инчунин иттиҳодияи занон ҳамаи он ҷашну маъракаҳое, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карда мешаванд, аз рўи шароиту имкониятҳояшон дар вилояти Иркутск низ ташкил карда мегузаронанд. Ҳоло дар назди Шуро кумитаи ташкилӣ оид ба ҷашн гирифтани  Рўзи Модар ва Иди Наврўзи аҷам ташкил дода шудааст.

Бори нахуст бо таклифи Шӯрои иттиҳодия дар шаҳрҳои Иркутск ва Ангарск дар якчоягӣ бо ҷамъияти миллӣ-фарҳангии тоҷикони ин вилоят ва маъмуриятҳои ҳукуматҳои ин ду шаҳр иди Наврўзи оламафрўз,  ҳамчун иди умумишаҳрӣ ҷашн гирифта мешавад. Ба ғайр аз ин маҳз бо таклифи занони тоҷики ин вилоят охирҳои моҳи май ва аввалҳои моҳи июни соли равон дар шаҳрҳои Ангарск, Иркутск ва Листвянка бори нахуст фестивали Пули Дўстӣ «Аз Помир то Байкал мо оилаи хушбахт» гузаронида мешавад. Муддати чанд моҳ мешавад, ки барои дар сатхи баланд гузаронидани ин фестивал Кумитаи ташкилӣ таъсис шудааст ва аллакай чанд маҷлисҳоро вобаста ба корҳои ташкилии ин фестивал гузарониданд.

Дар назар аст, ки дар кори фестивал аз ташкилоту муассисаҳои давлатию ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсони расмӣ ва фарҳангӣ иштирок кунанд. Аз рўи маслиҳати пешакӣ, ин фестивал моҳи сентябри ҳамин сол дар ҶумҳурииТоҷикистон бо номи Пули Дўстӣ «Аз Байкал то Помир — мо оилаи хушбахт» бояд баргузор шавад.

Ҳар як ҷашну маъракае, ки бо иштироки иттиҳодияи «Бону» гузаронида мешавад, ташкилкунандагон ҳаракат мекунанд, ки вобаста ба мавзўи ин ё он ҷашну маъракаҳо ба мардуми муқимии ин диёр урфу одат ва расму анъанаҳои хоси мардумиТочикистонро таҷассум намоянд, то ки мардуми таҳҷоӣ бо анъанаҳои қадимии мо ошно гарданд.     Бо иштирок ва маслиҳатҳои муфиди Шӯрои иттиҳодия ҷашну маъракаҳои оилавӣ ба монанди тўйҳои хонадоршавӣ (арӯсу домодӣ), хатнатӯйҳо гузаронида мешаванд. Инчунин дар мавриди таваллуди фарзанд ё ки нафаре ба беморӣ гирифтор шудан, нафароне аз Шӯрои иттиҳодия ба аёдат мераванд.  Иттиҳодия аз рўзи ташкил то ба имрўз тавонист, ки даҳҳо нафар занони бекорро соҳиби ҷойи кор намояд. Аксарияти он занон-модароне, ки ҳамчун муҳоҷири меҳнатӣ барои фаъолияти корӣ омадаанд ва ҳангоми хуҷҷатҳояшонро қонунӣ кунонидан азоб мекашанд, ҳатман ба Шӯрои иттиҳодия муроҷиат намуда, ба онҳо кумаку ёрӣ расонида мешавад.

Ҳаминро низ ёдовар шавам, ки аз шумораи умумии муҳоҷирони мехнатие, ки аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вилояти Иркутск барои фаъолияти меҳнатӣ омадурафт доранд, тахминан аз 10 то 12 фоизро занон-модарон ташкил медиҳанд. Аз рўзи таъсис то ба имрўз ба иттиҳодия занон, модарон ва хоҳарони зиёди тоҷикистонӣ, ки дар ин вилоят кору зиндагонӣ доранд, аъзо шудаанд. Хурсандиовар дар он аст, ки ба узвияти  ин иттиҳодия занони зиёди ҷумҳуриҳои Узбекистон ва Қирғизистон, ки дар қатори занони тоҷикистонӣ дар ин вилоят фаъолият доранд шомил шуда, дар ҳаёт ва фаъолияти иттиҳодия иштирок мекунад.

Имрўз бо  сари баланд, гуфта метавонам, ки ба ин иттиҳодия занон-модарон аз тамоми минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил буда, фаъолияти онро дастгирӣ мекунанд.  Ҳаминро низ мехоҳам, зикр кунам, ки дар байни онҳо занони касбу  кор ва маълумоту ихтисосҳои гуногун, ба монанди: табибон, муаллимон, хуқуқшиносон, иқтисодчиён, бонкирон, тоҷирон, муҳандисон,  геологҳо, сохтумончиён, дўзандагон, ошпазҳо, ҳатто ронандаи троллейбус ва ғайра мебошанд, ки имрўзҳо дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи ин вилоят фаъолият доранд.

Шӯрои Иттиҳодияро он заноне муарифӣ мекунанд, ки онҳо аз ҷиҳати кордониашон аллакай дар назди занон-модарони ин вилоят ҳурмату эҳтиром ва обрў пайдо намуданд. Шӯрои иттиҳодия дар фаъолияти кориаш бо тамоми ташкилоти давлатию ҷамъиятии вилояти Иркутск муносибатҳои хуби ҳамкориро ташкил намудааст. Ин аст, ки дар як муддати кўтоҳ, чӣ дар байни занони тоҷикистонӣ ва чӣ дар байни ташкилоту муасисаҳои гуногуни вилоят эътироф шудааст.

Шӯрои иттиҳодия инчунин бо ташкилоту муассисаҳои давлатию ҷамъиятии ҶумҳурииТоҷикистон дар ҳамкории хуби корӣ қарор

дорад, махсусан бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ, махсусан бо КИМ ҲХДТ ва КИ ҲХДТ дар вилоятҳои Хатлон ва Суғд.

Имрўз, ки дар саросари дунё иди Модар-8 март ҷашн гирифта шуда истодааст, ман аз фурсати муносиб истифода намуда, аз номи Раёсати ҷамъияти миллӣ-фарҳангии ба номи «Ҳамватан» ва аз номи тамоми мардони тоҷикистонии вилояти Иркутски Федератсияи Русия занон, модарон ва хоҳаронро бо ин рўз табрик  намуда, ба хамаи онҳо,  пеш аз ҳама,  сиҳатӣ ва саломатӣ, хонадони обод, файзу баракат, бахту саодат, хурсандию хушбахтӣ ва дар кору рўзгорашон комёбию муваффақиятҳои калони беназир орзу мекунам.

 Таҳияи Лайло Қосимова

Март 7, 2016 15:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Файзобод бо фаъолону собиқадорон ва ходимони дини деҳоти Чашмасор мулоқот доир гардид
Дар ду қисми низомии тобеи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дастархони идона ороста гардид
Дар ноҳияи Деваштич маъракаи кишти картошка оғоз шуд
Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум доир гардид
Дар пайравӣ ба амалҳои хайрхоҳонаи Президенти Тоҷикистон дар якчанд қисми ҳарбӣ дастурхони идона ороста шуд
Дар Неругоҳи барқи обии «Норак» ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шаҳомати хосса таҷлил гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад
Наврӯз ҳамчун ҷашни эҳёи табиат истифодаи оқилонаи заминро талқин менамояд
Кишоварзони ноҳияи Зафаробод дар 120 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Дар Агентии содироти Тоҷикистон бо намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия вохӯрӣ доир шуд
Ба кишоварзони ноҳияи Деваштич барои парвариши картошка ва тухмиҳои хушсифат тавсияҳо дода шуд
Дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд кишти чигит оғоз ёфт