Боздиди вазири корҳои дохилӣ аз РВКД дар вилояти Суғд
Душанбе, 22.03.2016. (АМИТ «Ховар»). –Имрӯз вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро зимни сафари корӣ ба вилояти Суғд, ба Раёсати Вазорати корҳои дохилии вилоят ташриф оварда, аз рафти корҳои таъмиру тармим ва азнавсозии бинои он шинос гардид.
Мавриди қайд аст, ки бинои раёсати мазкур, ҳуҷраҳои кории кормандон ва дигар утоқҳои зарурӣ дар як муддати кӯтоҳ таъмиру азнавсозӣ гардида, бо тамоми шароити муосир, аз ҷумла бо таҷҳизоти техникию воситаҳои алоқа таъмин карда шудааст.
Ҳамчунин гирду атрофи бинои раёсат бо ниҳолҳо ва гулҳои ороишӣ ободу зебо гардонида шуда, дар саҳни бино ҳавзи шиноварӣ ва нишастгоҳҳо бунёд карда шудааст.
Вазири корҳои дохилӣ бо ҳайати шахсии РВКД дар вилояти Суғд вохӯрӣ намуда, ҷиҳати боз ҳам пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Сафари кории вазири корҳои дохилӣ ба вилояти Суғд идома дошта, аз ҷараёни он иловатан хабар дод мешавад.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






