Боздошти «Mercedes-Benz Actego» дар шоҳроҳи Хуҷанд-Душанбе
Душанбе, 31.03.2016.(АМИТ «Ховар»).-59 ҳазор қуттии сигори тамғаи «Винстон», ки бо роҳи қочоқ ба қаламрави кишварамон ворид карда шудааст, аз ҷониби гумрукчиёни тоҷик дар шоҳроҳи Хуҷанд -Душанбе ҷилавгирӣ карда шуд. Дар иртибот ба ин дафтари матбуоти Хадамоти гумруки кишвар иттилоъ медиҳад, ки 31 марти соли равон зимни муоинаи гумрукии воситаи нақлиёти боркаши тамғаи «Mercedes-Benz Actego» дар шоҳроҳи Хуҷанд- Душанбе аз ҷониби кормандони Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ аз бордони нақлиёти мазкур 1 миллиону 800 ҳазор дона сигори тамғаи «Винстон» бидуни санади тасдиқкунандаи мол ошкор гардид.
Гуфта мешавад, ки тибқи талаботи қонунгузории амалкунандаи кишвар дар ин самт тафтиш идома дошта, нисбат ба он тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






