Чорабинӣ бахшида ба Наврўз ва Рўзи ҷаҳонии об

Март 18, 2016 14:58

Душанбе, 18.03.2016. (АМИТ «Ховар»). — Имрўз, 18-уми март дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби мамлакат бо иштироки вазири энергетика ва захираҳои об Усмоналӣ Усмонзода, муовини якуми вазир Султон Раҳимзода ва кормандон ба муносибати фарорасии Наврўзи байналмилалӣ ва Рўзи ҷаҳонии об, ки аз ҷониби Ассамблеяи Генералии СММ эълон гардида, бори нахуст 22 марти соли 1993 таҷлил шуда буд, чорабинӣ доир гардид.
Вазири энергетика ва захираҳои об У. Усмонзода ҳозиринро ба муносибати Наврўзи байналмилалӣ ва 22 март — Рўзи ҷаҳонии об шодбош гуфта, барои онҳо тансиҳатӣ ва хонаи ободу рўзгори осуда таманно намуд. Номбурда изҳор дошт, ки Наврўз ҷашни зебоӣ ва баҳор буда, анъанаҳои он хоси мардуми мост.
Муовини вазири энергетика ва захираҳои об С. Раҳимзода ба сухан баромада, ҳозиринро ба ифтихори Наврўзи хуҷастапай ва Рўзи об табрик гуфт.
Об ҳамчун сарчашмаи зиндагӣ барои Тоҷикистон аҳамияти махсус дошта, рушди бонизоми иқтисодиёти кишвар ба он алоқаманд аст, иброз намуд зимни суханронии худ С. Раҳимзода.
Аз ҷониби вазири энергетика ва захираҳои об кормандони фаъоли вазорат, ки дар пешбурди соҳаи об саҳми назаррас доранд, бахшида ба Рўзи об бо ифтихорнома ва туҳфаи молӣ қадрдонӣ гардида, ҳамчунин ба тамоми кормандони вазорат кумаки моддӣ ба ифтихори Наврўзи ҷаҳонӣ расонида шуд.

Март 18, 2016 14:58

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд