Чорабинии бошукӯҳ ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Боку

Март 21, 2016 12:27

Душанбе, 21.03.2016. (АМИТ «Ховар»).-Бо ташаббуси Вазорати ҷавонон ва варзиши Ҷумҳурии Озарбойҷон бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналхалқӣ дар қасри «Crystal hall»-и шаҳри Боку чорабинии идона баргузор гардид
Дар чорабинии ҷашнӣ намояндагони дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Узбекистон иштирок варзиданд ва ба маърази беш аз 2000 меҳмон анъанаҳои мухталифи наврӯзии ҳавзаи ҷашни Наврӯзи байналхалқӣ ба намоиш гузошта шуд. Меҳмонон бо таваҷҷуҳ бар афзалияти баргузорӣ ва таҷлили расмияти ин ҷашни бошукӯҳ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол дар муқоиса бо дигар кишварҳо ибрози назар намуда, аз барномаи намоишҳои гӯшаи тоҷикон мутаассир гардиданд.
Дар доираи чорабинӣ бо ибтикори сафорат хаймаи Тоҷикистон бо намоиши мусаввараи рамзии Наврӯзи кишвар, китобҳо, тасвирҳо аз табиати дилкушои Тоҷикистон ва дастовардҳои он, асбобҳои гуногуни мусиқии мардумӣ, либосҳои миллӣ, чакандӯзиҳо, кундалҳову заркӯбиҳои тоҷикӣ ба маърази тамошо гузошта шуд. Ҳамзамон дар чорабинии мазкур дастурхони идона аз анвои мухталифи меваҷот ва таомҳои гуногуни миллии тоҷикӣ, инчунин суфраҳои ҳафтсин ва ҳафтшин ороста шуд. Инчунин гӯшаи идонаи Наврӯзи тоҷикӣ бо садои мусиқӣ ва рақсҳои миллӣ фарогир буда, бо таваҷҷуҳи хосса аз ҷониби ҷавонони кишварҳои гуногун қабул гардид.
Меҳмонони ҷашнвораро вазири ҷавонон ва варзиши Ҷумҳурии Озарбойҷон Азад Рагимов ва сафири Тоҷикистон бо иди Наврӯзи байналхалқӣ табрик намуданд.
Сафир гуфт, ки имрӯз дар бисёре аз кишварҳо иди Наврӯз ба ҷашни умумимиллӣ табдил ёфта, сол то сол шукӯҳ ва дурахшонии хоссаро соҳиб гаштааст ва мардумони мо дар тӯли асрҳо  анъанаҳои наврӯзиро мисли забони модариашон нигоҳ доштаву ҳоло  онро ҳувияти миллӣ ва мояи сарбаландии худ медонанд.

Март 21, 2016 12:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе 176 кило гӯшти бедонаи ба талаботи бехатарӣ ҷавобгӯнабуда мусодира гардид
Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ намоишҳои фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар Маркази миллии тестӣ ва Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн нишасти матбуотӣ доир мегардад
«Қиссаҳои Шераки Ориён» аз чоп баромад
5 август дар Маркази миллии тестӣ ва Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн нишасти матбуотӣ доир мешавад
Дар Вена масоили густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Агентии Австрия оид ба рушд баррасӣ шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир мегардад
Дар шаҳри Душанбе ҳашари экологии «Тозагии маҳал» гузаронида шуд
4 август дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир мегардад
Дар Остона ҷаласаи намояндагони аршади Саммити Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея баргузор гардид