Дар маҳфили шеъри Гулрухсор Гимни Наврӯз муаррифӣ хоҳад шуд
Душанбе, 2.03.2016.(АМИТ «Ховар»).- Дар остонаи Рӯзи модар ва ҷашни ҷаҳонии Наврӯз 7 марти соли равон дар Театри давлатии академии ба номи А. Лоҳутӣ маҳфили шеъри Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи устод Рӯдакӣ -Гулрухсор Сафиева баргузор мегардад.
Гулрухсор Сафиева зимни суҳбат ба хабарнигори «Ховар» гуфт, ки маҳфили шеър дар доираи баргузории нахустин ҳамоиши шоирони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз гузаронида мешавад. Интизор меравад, ки дар базми шеър Гимни Наврӯз, ки онро Гулрухсор Сафиева тӯли се сол навиштаву овозхони мумтози кишвар Саидқул Билолов оҳанг бастааст, муаррифӣ шавад. Инчунин шеърҳои нави эҷоднамудаи Гулрухсор, аз ҷумла шеъри «Модар» аз ҷониби овозхони дастаи «Дарё» Муҳаррама Шарифова суруда мешавад. Ҳамзамон иштироки ҳунармандони шинохтаи кишвар -Саидқул Билолов ва Давлатманд Холов ба базми шеъри Гулрухсор шукӯҳ мебахшад.








Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид






