Дар Наврӯз мардуми ориётабор дилҳои хешро аз кинаву адоват тоза менамуданд
Хоруғ, 21.03.2016. (АМИТ «Ховар»).- Дар арафаи ҷашни ҷаҳонии Наврӯз аз ҷониби мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ тӯуйи суннатии 30 кўдаки оилаҳои ниёзманд баргузор гардид. Ба 28 ятими кулл 200 сомонигӣ кумакпулӣ дода шуд.
Раиси шаҳри Хоруғ Қиматгул Алибердиева наврасон ва волидони онҳоро табрик карда, аз ҷумла гуфт, ки иқдоми мазкур аз дастуру ҳидоятҳои Пешвои Миллат -Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон маншаъ гирифта, дастгирии оилаҳои ниёзманд дар шаҳри Хоруғ аз Наврӯз то Наврӯз давом хоҳад ёфт. Дар ин иди мардумӣ ва миллӣ мардуми ориётабор дар баробари тоза намудани хонаҳои истиқоматӣ, ҳамчунин дилҳои хешро аз кинаву адоват тоза намуда, амалҳои хайрхоҳонаро ба анҷом мерасониданд, ки имрӯзҳо низ ин ниятҳои нек ва ойинҳои аҷдодӣ аз нав рӯи кор омада истодаанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






