Дар низоми офтобӣ далелҳои сайёраи 9-ум ошкор шуданд
Душанбе, 26.03.2016. (АМИТ «Ховар»).-Далели нави ошкоршуда шаҳодат аз он медиҳад, ки дар низоми офтобӣ сайёраи бузурги дигаре мавҷуд аст, ки ҷомеаи башарӣ то ба ҳол дар бораи он маълумот надошт.
Астрофизики амрикоӣ Майк Браун аз Донишгоҳи технологии Калифорния далели наверо ошкор сохтааст, ки дар ҳақиқат дар низоми офтобӣ сайёраи 9-ум мавҷуд аст.
Браун гуфтааст сайёраи кашфшуда дар ҳаҷм бо сайёраи Нептун баробар аст ва дар масофаи хеле дароз ҳаракат карда, гардиши пурраи он дар атрофи Офтоб 15 ҳазор солро ташкил медиҳад. Далели ошкоргардида шаҳодат аз он медиҳад, ки сайёраи махфӣ дар ҳақиқат дар низоми офтобӣ мавҷуд аст.
Аз кашфиёти нави худ Майк Браун дар шабакаи иҷтимоии Twitter иттилоъ додааст.








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






