Дарёфти 3 адад гранатомёт аз рӯи ахбороти шаҳрвандон
Душанбе, 09.03.2016. (АМИТ «Ховар»). — 6-уми марти соли 2016, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ ноболиғон Муҳаммадазими Муҳаммадалӣ, соли таваллудаш 2001, хонандаи синфи 8-уми мактаби миёнаи таҳсилоти умумии №77-и деҳаи Гулбуттаи ноҳияи Рӯдакӣ ва Нодиров Амиршоҳ Сайалиевич, соли таваллудаш 2005, хонандаи синфи 5-уми мактаби миёнаи таҳсилоти умумии №77-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе оид ба дар обанбори маҳаллаи Гулбуттаи ноҳияи Рӯдакӣ махфигоҳ бо 3-адад гранатомёт ва дигар лавозимоти ҷангӣ дарёфт шудан, хабар расониданд.
Гурӯҳи оперативӣ-тафтишотии Вазорати корҳои дохилӣ ҷойи ҳодисаро аз назар гузаронида, силоҳи дарёфтшударо мусодира намуданд.
Ҳангоми идома додани амалиёти тозакунӣ аз тарафи гурӯҳи оперативӣ-тафтишотӣ, инчунин 1-адад АКМ, 1-адад норинҷаки дастӣ, маводҳои тарканда ва тирҳои қутрашон гуногун дарёфт ва мусодира карда шуд.
Барои зоҳир намудани зиракиву ҳушёрӣ ва ҳисси баланди ватандӯстию ватанпарастӣ ноболиғони номбаршуда аз ҷониби Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо мукофотҳои қимматноки «Ноутбук» ва волидайни онҳо: Нодиров Сайалӣ Саидович, Муродова Гулистон Саймутдиновна, сокинони ҷамоати Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ ва Мирзоев Муҳаммадалӣ Маҳмадсаидович, Мирзоева Моҳсафар Собировна, сокинони деҳаи Гулбуттаи ноҳияи Рӯдакӣ бо «Ифтихорнома»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






