Дарёфти муҳимоти ҷангӣ аз деҳаи Симиганҷи ноҳияи Ваҳдат
Душанбе, 09.03.2016. (АМИТ «Ховар»). — 7-уми марти соли равон дар деҳаи Симиганҷи ноҳияи Ваҳдат аз тарафи Фарзонаи Қурбон, соли таваллудаш 2003, хонандаи синфи 6-уми мактаби миёнаи таҳсилоти умумии №55-и деҳаи Симиганҷи ноҳияи мазкур дар марғзор оид ба дарёфти силоҳу лавозимоти ҷангӣ ахборот дохил шуд.
Падари ӯ полковники милитсия Ибрагимов Қ.Б. дар ин бора фавран ба ШВКД дар ш.Ваҳдат хабар дода, гурӯҳи оперативӣ-тафтишотӣ ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, гранатамёт (бисёристифодашаванда) ва лавозимоти ҷангии зиёдро мусодира ва ба Вазорати корҳои дохилӣ пешниҳод намуданд.
Барои зоҳир намудани зиракиву ҳушёрӣ ва ҳисси баланди ватандӯстию ватанпарастӣ Фарзонаи Қурбон аз ҷониби Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо мукофоти қимматноки «Ноутбук» ва падараш Ибрагимов Қурбонбег Бовобекович бо «Ифтихорнома»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва модараш Оева Гулнора Саидовна бо «Раҳматнома» сарфароз гардонида шуданд.
Инчунин, қайд карда мешавад, ки ҷавононе, ки барои дарёфти силоҳ кӯмаки худро расонидаанд, минбаъд барои дохил шудан ба Донишкадаҳои мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар хориҷи кишвар дорои имтиёзҳо хоҳанд шуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






