Дарёфти ҷоми Академияи илмҳо
Душанбе, 9.03.2016. (АМИТ «Ховар»). -10 марти соли равон соати 09:00 дар Академияи илмҳои кишвар Олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ барои дарёфти “Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор мегардад.
Тибқи иттилои котиби матбуотии Академияи илмҳо Шервони Умриддин, дар олимпиада 25 муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ иштирок хоҳанд намуд.
Олимпиада аз рӯи 12 самти илмӣ, аз ҷумла математика, физика, кимиё, астрономия, геология, биология, иқтисодиёт, технологияҳои иттилоотӣ, забон ва адабиёти тоҷик, таърих, фалсафа ва ҳуқуқ баргузор гардида, дар он беш аз 300 донишҷӯи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ қувваозмоӣ хоҳанд кард.
Ҳадафи баргузории олимпиада баланд бардоштани шавқу завқи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ ба омӯзиши илмҳои муосир, ташаккули тафаккури илмию техникӣ, бедор намудани завқи онҳо доир ба ҳалли масъалаҳои мураккаби илмӣ, озодона баён намудани фикр, инкишофи қобилияти эҷодӣ, истифодаи комёбиҳои соҳаҳои гуногуни илму техникаи муосир ва муайян намудани донишҷӯёни лаёқатманд ва гузаронидани тадқиқотҳои илмӣ мебошад.
Олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ барои дарёфти “Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” соли сеюм доир мешавад.
Қисмати ҷамъбастии олимпиада барои дарёфти “Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” 11 – уми марти соли 2016, соати 15:00 баргузор мешавад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






