Эълони 25 ҳафтаи созандагию ободонии «Созандагони Ватан»
Душанбе, 19.03.2016. (АМИТ «Ховар»). — Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» бо дарки рисолати худ ва масъулияти бузург шурўъ аз 21 март то 10 сентябри соли 2016 иқдомҳои худро таҳти унвони «25 ҳафтаи созандагию ободонии Ватан, 25 ҳафтаи корҳои наҷиб ва хайри ҷамъиятӣ ва 25 ҳафтаи иқдомҳои «Созандагони Ватан» бахшида ба 25 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» эълон медорад.
Дар доираи ин иқдом, ки иборат аз 25 ҳафтаи мукаммал мебошад, ТҶҶ «Созандагони Ватан» тасмим гирифтааст, ки 25 иқдоми алоҳидаро таҳти унвонҳои мухталиф, ба монанди ҳафтаи тарбияи ватандўстӣ, ҳафтаи ҷавонӣ, ҳафтаи солимӣ, ҳафтаи таҳкими Ваҳдат миёни ҷавонон ва тараннуми Ваҳдат, ҳафтаи тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҳафтаи тарғиби фарҳанги миллӣ, ҳафтаи намоиши маҳорати ҷавонон, ҳафтаи пиёдагардӣ ва тарғиби табиати биҳиштосои Ватан, ки ҳар яке аз шаклҳои ба худ хоси маҷмӯи чорабиниҳо иборат хоҳанд буд, амалӣ намояд.
Иқдоми мазкур дар шакли озмун ҷамъбаст гардида, намояндагиҳои ТҶҶ «Созандагони Ватан», ки дар амалӣ намудани ин амри хайр фаъол буда, дар он саҳми муносиб гузоштанд, бо туҳфаҳои молию пулии Шўрои Марказии ташкилот қадрдонӣ хоҳанд гашт.








АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад






