Эълони 25 ҳафтаи созандагию ободонии «Созандагони Ватан»

Март 19, 2016 10:30

Душанбе, 19.03.2016. (АМИТ «Ховар»). — Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» бо дарки рисолати худ ва масъулияти бузург шурўъ аз 21 март то 10 сентябри соли 2016 иқдомҳои худро таҳти унвони «25 ҳафтаи созандагию ободонии Ватан, 25 ҳафтаи корҳои наҷиб ва  хайри ҷамъиятӣ ва 25 ҳафтаи иқдомҳои «Созандагони Ватан» бахшида ба 25 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» эълон медорад.

Дар доираи ин иқдом, ки иборат аз 25 ҳафтаи мукаммал мебошад, ТҶҶ «Созандагони Ватан» тасмим гирифтааст, ки 25 иқдоми алоҳидаро таҳти унвонҳои мухталиф, ба монанди ҳафтаи тарбияи ватандўстӣ, ҳафтаи ҷавонӣ, ҳафтаи солимӣ, ҳафтаи таҳкими Ваҳдат миёни ҷавонон ва тараннуми Ваҳдат, ҳафтаи тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҳафтаи тарғиби фарҳанги миллӣ, ҳафтаи намоиши маҳорати ҷавонон, ҳафтаи пиёдагардӣ ва тарғиби табиати биҳиштосои Ватан, ки ҳар яке аз шаклҳои ба худ хоси маҷмӯи чорабиниҳо иборат хоҳанд буд, амалӣ намояд.

Иқдоми мазкур дар шакли озмун ҷамъбаст гардида, намояндагиҳои ТҶҶ «Созандагони Ватан», ки дар амалӣ намудани ин амри хайр фаъол буда, дар он  саҳми муносиб гузоштанд, бо туҳфаҳои молию пулии Шўрои Марказии ташкилот қадрдонӣ хоҳанд гашт.

Март 19, 2016 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Бишкек ҷаласаи якуми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гардид
ФУТБОЛ. Дастаҳои асосӣ ва ҷавонони «Вахш» бо медалҳои нуқра ва биринҷӣ мукофотонида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Тарофаи мобилӣ – мувофиқи талаботи шахсии шумо
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
12 феврал дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез дар шаҳри Турсунзода ҳамоиш баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии занон ва духтарон дар соҳаи илм конфронси байналмилалӣ доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳои Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор мегардад