Эълони озмун барои роҳбаладони мавсими «Ҳаҷ-2016”
Душанбе, 05.03.2016. (АМИТ «Ховар»). — Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати интихоби роҳбаладони мавсими «Ҳаҷ-2016” озмун эълон менамояд.
Огоҳии комил доштан аз маносики ҳаҷ, доштани малакаи хуби ташкилотчигиву муошират бо ҳоҷиён, ҷисман обутобёфта ва дар шароити душвор кор кардан, донистани забони арабӣ ё англисӣ дар сатҳи муошират аз шартҳои асосии озмун аст.
Дар озмуни роҳбаладони мавсими «Ҳаҷ-2016” нафарони синнашон то 60- сола иштирок карда метавонанд.
Барои иштирок дар озмун бояд ариза ба номи Раиси Кумита, нусхаи шиноснома, маълумотнома аз ҷои истиқомат, маълумотномаи тиббӣ (шакли 086), 2 адад расми 3х4 ва варақаи шахсӣ пешниҳод гардад.
Хоҳишмандон метавонанд ҳуҷҷатҳои худро то санаи 28-уми марти соли 2016 ба Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.
Суроға: шаҳри Душанбе, кўчаи Лоҳутӣ 14. Тел: 223.12.58








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






